Чин дар Бадахшон пойгоҳи низомӣ месозад

Чин барои Артиши Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ месозад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Чин дар вилояти Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, барои Артиши миллии Афғонистон пойгоҳи низомӣ месозад, гуфт сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон Давлат Вазирӣ.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон ба нақл аз хабаргузории эронии "Тасним" ва иттико ба вебгоҳи таҳлилии "Eurasia", тавофуқ барои сохти ин пойгоҳ дар паи сафари ахири вазири дифоъи Афғонистон Ториқшоҳ Баҳромӣ ба Пекин ва дидор бо ҳамтои чинияш Чан Ванкуан ба даст омадааст.

Вазири дифоъи Чин дар ин дидор гуфта, ки Пекин хостори густариши равобити низомӣ бо Афғонистон ва ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо теруризм ва масоили амниятӣ аст.

"Чин ҳама таҷҳизоти мавриди ниёзи ин пойгоҳ, аз ҷумла ҷангафзорҳо, пӯшоки ҳамсони низомӣ ва таҷҳизоти низомиро низ таҳия хоҳад кард", — гуфтааст Давлат Вазирӣ.

Яке аз мақомоти Вазорати дифоъи Афғонистон ҳам гуфта, ки Чин ин пойгоҳро ба далели нигаронияш аз вуруди теруристҳои уйғур аз қаламрави Афғонистон ба Чин ва бастани роҳи онҳо хоҳад сохт.

Афғонистон дар вилояти Бадахшон бо Чин 76 килуметр марзи кӯҳистонӣ дорад, вале осонтарин роҳи дастёбии Чин ба Афғонистон аз роҳи Тоҷикистон дар Помир аст.

Ахиран раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ бо ишора ба марзи тулонии Тоҷикистон ва Афғонистон гуфта буд, ки Душанбе аз камингирии ҷангҷӯёни ДОИШ дар шимоли Афғонистон нигарон аст.

Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ борҳо аз густариши ноамнӣ дар Афғонистон нигаронӣ кардаанд.