Раиси шаҳри феълии Душанберо шаҳрдори ҷавонтарин дар тӯли таърихи Тоҷикистон меноманд. Фаъолияти Рустам Эмомалӣ бо як далели дигар, ки писари раисҷумҳур аст, доим зери диққати хонандагон қарор мегирад. Дар давоми як сол хабари иқдомҳои раиси навро мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ гарму ҷӯшон ҷонибдорӣ мекарданд. Хабарҳои ифтитоҳи истгоҳ, пул, ярмаркаҳои хӯрокворӣ, дар бораи нақлиёт, ки иқдоми Рустам Эмомалӣ буд, яке аз хабарҳои пурхонандатарини Sputnik Тоҷикистон буданд, ки онро корбарон борҳо бознашр мекарданд. Гузориши тасвириро, ки аксҳо аз як соли фаъолияти шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ҷамъ оварда шудаанд пешниҳоди хонандагон мекунем.