Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳам равобиташро беҳбуд мебахшад

Сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо муовини якуми вазири умури хориҷии Қирғизистон дурнамои равобити сиёсии ду кишварро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода бо муовини якуми вазири умури хориҷии ҶҚ Динара Кемелова дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Олимзода ва Кемелова ҳамчунин масоили баргузории барномаҳо ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Дар дидори сафири тоҷик бо сиёсатмадори қирғиз ҳамчунин масоили марзбандӣ миёни ду кишвар ва омодасозии қонуну созишномаҳо низ баррасӣ шуданд.

Суҳроб Олимзода ва Динара Кемелова ҳамчунин барномаҳои сафарҳои масъулини баландпояи ду кишварро низ ҳамоҳанг карданд.