Ислом дар Амрико ба зудӣ аз яҳудият пеш мегузарад

Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки то ду даҳсолаи дигар ислом дувумин дини бузурги Амрико хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Парс Тудэй", маркази таҳқиқотии "Pew Research Center" эълом кардааст, ки мусулмонон то соли 2040 дувумин гурӯҳи мазҳабии Амрико хоҳанд шуд.

Акнун дини яҳудӣ пас аз масеҳият бештарин пайравонро дар Амрико дорад ва дувумин дини бузург дар он кишвар аст.

Таҳқиқот ҳамчунин нишон медиҳад, ки ҳаминак 3 милюну 450 ҳазор нафар мусулмон дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ки ин рақам дар даҳаи гузашта, 2 милюну 350 ҳазор нафар буд.

Бар асоси таҳқиқоти маркази амрикоии "Pew", то соли 2050 низ теъдоди мусулмонони Амрико ба 8 милюну 100 ҳазор кас мерасад, ки беш аз ду баробари теъдоди кунунӣ аст.

Ин гузориш меафзояд, шаҳрвандони Эрон ва Покистон ба таври маъмул ҷомеаи муҳоҷирони мусулмони Амрикоро шакл додаанд, аммо дар солҳои ахир муҳоҷирони сурӣ ва яманӣ низ ба Амрико ворид шудаанд.

Пешбинӣ мешавад, ҳар сол 100 ҳазор мусулмон вориди Амрико шаванд.

Дар таҳқиқи Муассисаи "Pew" мушаххас шуд, ки дар Вашингтон ва Ню-Ҷерси бузургтарин ҷомеаи мусулмонони Амрико, сокин ҳастанд.