Ин чӣ гап: Бег Сабур дубора НҶН-ро баст?

Бег Сабур- раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шомгоҳи дирӯз 10-уми январ бо даъват аз намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернетӣ, ба онҳо дастури қатъи NGN -ро додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои Тоҷикистон Бег Сабур рӯзи 18-уми декабр иртибот бо NGN-и 10 ширкатро баста буд.

Дар пайи мавҷи интиқодот, дар рӯзи 9 январ бо дахолати комиссияи давлатӣ  ин иртиботи телефонии арзон дар Тоҷикистон дубора барқарор шуд, аммо ин амр танҳо як рӯз ба тул кашид.

Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шомгоҳи дирӯз ба сурати шифоҳӣ ба намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернет дастур дод дубора NGN-ро бубанданд.

Бег Сабур дар ин ҷаласа бо баёни инки ҳануз ин фармонро бекор накардааст, аз инки ширкатҳои мобилӣ ва интернет бидуни иҷоза NGN-ро барқарор кардаанд, интиқод кард.
Муштариёни NGN мегуянд аз шомгоҳи дирӯз ин шабака дубора катъ шудааст.

Намояндагони ширкатҳои мобилӣ низ имрӯз панҷшанбе изҳор доштанд, аз онҷо ки мудирияти бахши иртиботот дар дасти Бег Сабур аст, онҳо чорае ҷуз иҷрои фармон надоранд.