Дар Петербург 5 муҳоҷири мусаллаҳро боз доштаанд

Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кормандони пулис дар шаҳри Санкт-Петербург панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро боз доштаанд, ки мусаллаҳ будаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Фонтанка”, ин муҳоҷирон шаҳрвадони Ҷумҳурии Узбакистон ҳастанд.

Кормандони пулис дар паи ҷустуҷӯ дар худрави онҳо ду силоҳи оташфишони нокушанда, чаҳор дангали бейсбол ва кулоҳҳои чашмакдор пайдо кардаанд.

Пулис ошкор карда, ки ин худрав аз они як бошандаи Петербург буда, ки пештар ба ҷурми хариду фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шуда будааст.