Бе раводид: аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд як моҳ дар Узбакистон бимонанд

Тоҷикистону Узбакистон барои ҳалли масъалаи раводид ва қитъаи баҳсбарангези марзӣ, аз ҷумла сарбанди нерӯгоҳи Фарҳод, ба тавофуқ расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тоҷикистону Узбакистон дар масоили баҳсбарангези раводид ва марзбандӣ ба тавоқуф расиданд, гузориш медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Бино бар иттилои онҳо, ду тараф ба зудӣ санаде барои рафтуомади шаҳрвандони ду кишварро имзо хоҳанд кард, ки бар асоси он тоҷикистониён ва узбакистониён ҳақ хоҳанд дошт то як моҳ дар қаламрави ду кишвар бе раводид бимонанд.

Тарафҳо ҳамчунин қарор доданд, ки дар наздиктарин замон роҳҳои оҳан ва заминиро ҳам боз кунанд. Ҳамчунин дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳҳои нав бунёд карда мешаванд.

Тарафайн дар масъалаи нерӯгоҳи Фарҳод, ки дар минтақаи баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Узбакистон қарор дорад, қарор доданд, ки замине, ки дар он нерӯгоҳ бунёд шудааст, аз они Тоҷикистон ва нерӯгоҳ аз они Узбакистон шинохта шавад.

Ин тавофуқот дар паи сафари нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Орипов 10-уми январ ба Душанбе омад ва бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор кард. Вай ҳамчунин дар ҷаласаи кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон ширкат кард.