Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: Раисҷумҳур чанде аз зердастони Озода Раҳмонро барканор кард

Дар амри кишвардори Тоҷикистон гуфта мешавад, далели аз симат озод шудани масъулин- бознишастагист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд амр чанде аз масъулони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки онро духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон раҳбарӣ мекунад, барканор кардааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, мувофиқи амри Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми январи соли 2018, таҳти рақами №АП-991 Маҳмадализода Алимурод аз симати сардори идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон барканор гашт.

Ҳамчунин, бо як амри дигар Исматулло Ҳоким низ аз симати Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон барканор шудааст.
Гуфта мешавад, ин ду масъул ба далели бознишастагӣ барканор шуданд.

Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон бошад, бо далели ба кори дигар гузаштанаш барканор шудааст.

Бо як амри дигари раисҷумҳури Тоҷикистон Савзаали Назирзода сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон таъин гардид.