Ҳавои номусоид бо барфу борон: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

Имрӯз, 11 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид ва тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ҷойҳо боридани барф низ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.