Супоришҳои Раҳимзода барои ошкор кардани ҷиноятҳои солҳои пешин

Рамазон Раҳимзода ба тамоми сохторҳои ВКД ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, дастуру супоришҳои қатъӣ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв— Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2017 бо ширкати Ёвари раисҷумҳур оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардидааст.

Нигаронии Шералӣ Хайруллоев аз нооромӣ дар марз

Ҷаласаро вазир оғоз карда гуфтааст, ки дар давоми соли 2017 дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда, тамоми ҳаъйати шахсӣ ва қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният, ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хизмат сафарбар гардиданд.

"Раҳимзода камбудию норасоиҳоро муҳокима карда ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғон ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод", — омадааст дар хабарнома.

Дар умум фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ гардидааст.