Нигаронии Шералӣ Хайруллоев аз нооромӣ дар марз

Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон ниграон аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2017 бо ширкати Ёвари раисҷумҳур оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардидааст.

Шералӣ Хайруллоев диққати ҳозиринро ба масъалаҳои ҳифзи марз ва вазъи ноороми кишвари ҳамсояи Афғонистон равона намуда, гуфтааст, ки "ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд".

Собрание в МВД Таджикистана по итогам годовой деятельности

Хайруллоев ҳамчунин аз кормандони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ даъват кардааст, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

манбаъ афзуда, ки Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ қаноатбахш арзёбӣ кардааст.