Коршинос: Мирзиёев дар дидор бо Раҳмон аз Роғун суҳбат нахоҳад кард

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Дмитрий Попов сафари Мирзиёевро ба Тоҷикистон шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон ба наздикӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.

Дар ин бора раисҷумҳури Узбакистон зимни ҷаласае дар Тошканд гуфт, ки "мехоҳад яхи бистсоларо об кунад", гарчанде ин кор осон нахоҳад буд.

Сафари Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Дмитрий Попов тавзеҳ дод. Ӯ қайд кард, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон дар чорчӯби дидори ду раисҷумҳур дер боз муҳокима нашудааст.

"Сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чандин бор ба таъхир гузошта шуда буд. Омодагиҳо ва гуфтушунидҳо наонқадар осон даст дода истодааст, вале ба ин нигоҳ накарда пешравӣ ҳаст", — гуфт Дмитрий Попов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Попов: Мирзиёев не считает отношения с Таджикистаном менее важными, чем с другими соседями

Коршинос дар бораи мавзӯъҳое, ки сарони ду кишвар ҳангоми боздид матраҳ мекунанд хабар дод. Дар баробари баррасии масоили роҳи оҳан ба гуфти коршиносн сарони кишварҳо дар бораи муносиботи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ки дар сатҳи паст ҷойгиранд, баррасӣхоҳанд кард.

Коршинос мегӯяд, ки дар ин дидор Шавкат Мирзиёев масоили об ва нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ нахоҳад кард.

Коршинос қайд кард, ки дар Узбакистон муҳиммияти муносибот бо Тоҷикистонро аз дигар кишварҳои ҳамсоя камтар намедонанд, ва оне, ки Мирзиёев на пештар балки акнун ба Душанбе меравад, аз омодагии дарозмуддати ӯ барои ин қадами муҳим барои ҳарду кишвар дарак медиҳад.