Барои риоя накардани қонун: раисҷумҳур чанде аз додрасҳоро барканор кард

Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон қайд мешавад, чанд додраси кишвар барои риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз мақомашон барканор гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз, 10-уми январ кишвардори Тоҷикистон дар ниҳодҳои ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Ҳамчунин раисҷумҳур дар додгоҳҳои Тоҷикистон низ чанде аз додрасҳоро барканор кардааст.

Тавре дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон қайд карда мешавад, далели барканоршавии онҳо, риоя накардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо будааст.

Чунончӣ, бо фармони раисҷумҳур аз симати муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Орзу Зинатулло ва аз вазифаи додраси  ноҳияи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Қурбонзода Иброҳим Мирхонбар барканор шуданд.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,
Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шаванд",- омадааст дар фармон.