Севинч Муъминова дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад

Ба нақша гирифта шудааст, ки овозхон дар дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳунарнамоӣ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Овозхони машҳури узбакистонӣ Севинч Муъминова дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Тавре яке аз ташкилкунандагони ин консерт, Неъмат Бегов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, хонум Севинч бо даъвати продюсерони тоҷик ва мухлисонаш ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

"Дар рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон Севинч Муъминова низ ширкат карда буд. Пасон чанде аз мухлисони вай ба мо муроҷиат карда, пурсон мешуданд, ки овозхон кай ба Тоҷикистон меояд",- мегӯяд вай.

Бино бар гуфтаҳои Бегов, ҳоло ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон рӯ ба беҳбудӣ овардааст, равандҳои даъват ва овардани ҳофизи узбакистонӣ низ тезтар сурат мегирад ва осонтар шудааст.

"Мо бо Муассисаи давлатии "Узбекконсерт" муроҷиат кардем ва бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистону Узбакистон мувофиқа кардаем ва консертро ба нақша гирифтем",- тавзеҳ дод вай.

Ҳамин тавр, консерти овозхон 10-уми феврал, соати 14:00 дар Муассисаи давлатии вилоятии "Чойхонаи миллии Қасри арбоб"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва рӯзи 11-уми феврал дар Душанбе дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency" соати 14:00 баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Немат Бегов, нархи билет пас аз ҳисоб  шудани  хараҷоти консерт ва пайдо пуштибонони молӣ муайян карда мешавад.