Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳоб, Муҳаммад Ғоиб барандаи озмуни "Китоби сол-2017" шуданд

Дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи Вазорати фарҳанги ҶТ ба барандагони озмуни "Китоби сол-2017" дипломҳои озмун супорида шуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Барандагони озмуни ҷумҳуриявии "Китоби сол-2017" маълум шуданд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фйарҳанги ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, 9-уми январ дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи Вазорати фарҳанги ҶТ ба барандагони озмуни "Китоби сол-2017" дипломҳои озмун супорида шуд.

"Муассиси озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадаф аз баргузории он дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгўи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну мўҳтавои онҳо мавзўъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар мегирад",- омадааст дар иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ.

Манбаъ афзудааст, дар озмун муаллифони асарҳои бадеии тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2017 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, иштирок намуданд.

Ҳамин тавр, шоирон Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Назрулло Тиллозода ва нависандагон Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳоб  Абдуҷаббор Абдуғаффор ва Тоҳирӣ Маҳмадризо ва дигарон барандагони озмуни "Китоби сол-2017" эълон шуданд.