Тоҷикистону Узбакистон аллакай масоили сарҳадиро баррасӣ карданд

Ҳамчунин имрӯз нахуствазири Узбакистон бо ҳамтои тоҷикаш низ ба ин масъала назар хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзҳои  8-9-уми январи соли 2018 дар Душанбе дидор ва мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайъатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон баргузор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳайъатҳо масъалаи  делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикикистону Узбакистонро баррасӣ карданд.

"Дар рафти вохӯри масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ меафзояд, имрӯз,  10 январи соли 2018мулоқоти гурӯҳи корӣ дар доираи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбакистон Абдулло Орипов идома хоҳад ёфт.