Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ барқарор шуд

Пас аз сангрезӣ дар мавзеи Хоҷағалтон ҳаракат дар ин шоҳроҳ муваққатан баста шуд ва аз ҳар ду самт масофирону худравҳои зиёде ҷамъ омаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ барқарор шуд. Ёдрас мешавем, ки дар пайи сангрезӣ ду рӯзи охир ҳаракати худравҳо дар ин шоҳроҳ баста шуда буд.

Тавре расонаҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ҳоло барои ҳаркати мошинҳо аз ду тараф иҷозат дода шудааст, аммо корҳои барқароркунӣ пас аз рухдоди табиӣ идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар пайи сангрезӣ мошини тамғаи "Старекс" бо се мусофир ба садама дучор шудааст.

Мутаассифона ронандаи мошин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаву се мусофирроба бемористон интиқол дода буданд.