ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ бар асари сангрезӣ, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баста шудааст.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати нақлиёт хабар медиҳад.
Сангрезӣ баъзан идома дошта, корҳои тозакунии роҳ бо назардошти ин ҳолат ҷараён дорад.
Дар ҷойи ҳодиса барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода фаъолият доранд.
Ин роҳ дар фасли сармо ягона роҳест, ки пойтахтро бо маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мепайвандад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳолатҳои фавқуллода дар давоми нӯҳ моҳи соли 2017 ба Тоҷикистон ба мабалғи 100 миллион дулор хисорот ворид кардааст.