Душанбе ва Тошканд ҳамкориҳои иқтисодӣ ва масоили марзиро баррасӣ мекунанд

Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ва ҳайъати ҳамроҳаш дар нишасти Кумисюнҳои муштараки ҳамкориҳои иҷтисодиву тиҷорӣ ва марзии ду кишвар ширкат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Кумисюнҳои муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон фардо дар ду нишасти ҷудогона ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва масоили марзиро баррасӣ хоҳанд кард.

"Ҳайъати расмии Узбакистон ба раёсати нахуствазир Абдулло Орипов 10 январ дар шаҳри Душанбе дар нишастҳои кумисюнҳои муштараки иқтисодиву тиҷорӣ ва марзбандиву аломатгузории марзҳои кишварӣ ширкат хоҳад кард", — гузориш медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба манбаъе дар ҳукумати ҶТ.

Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин нишастҳо нахуствазир Қоҳир Расулзода раҳбарӣ хоҳад кард.

Нахуствазири Узбакистон 10 январ ҳамчунин бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидор хоҳад кард.

Ҳамзамон қарор аст, ки нахуствазири Узбакистон бо ҳайъати Тоҷикистон масъалаи омодасозии нахустин сафари расмии раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Душанберо низ баррасӣ кунад. Ин сафар дар оғози баҳор сурат хоҳад гирифт.

Кишвардори Узбакистон чанде пеш гуфт, ки ба зудӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард то "яхҳои бистсоларо об кунад". Вай афзуд, ки дар ин сафар қарор аст барои роҳандозии рафтуомаду таробарии оҳанроҳӣ ва додугирифти нерӯи барқ созишномаҳо имзо шаванд.

Ин сафари Абдулло Орипов ба Тоҷикистон омодасозии сафари расмии Шавкат Мирзиёев дониста шудааст.