ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дувумин Конфронси амниятии Теҳрон пешниҳод кард эътилофҳое барои пешгирӣ аз буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ташкил карда шаванд.
Ба гузориши хабаргузории "Форс" ба нақл аз ISNA, Зоҳидӣ меҳмони вижаи нишасти "Иқтисод ва амнияти минтақаӣ" дар ин Конфронс буда ва дар суханронии худ ба эътилофҳои байналмилалӣ, ки дар арсаи сиёсӣ ва низомӣ эҷод мешавад, ишора кардааст.
"Вақти он расидааст, ки эътилофҳое низ барои ҷилавгирӣ бо буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ё мубориза бо он эҷод кунем, то дар таъмини амният муваффақ шавем", — пешниҳод кардааст вай.
"Заъфи иқтисод дар минтақа гоҳе мунҷар ба эҷоди теруризм шудааст ва мо умуман ба натиҷа таваҷҷуҳ мекунем ва аз сабабҳо ғафлат мекунем. Масалан, мо бо теруризм мубориза мекунем, вале чандон ба омилҳое, ки боиси эҷоди теруризм дар минтақа шудааст, таваҷҷуҳ надорем", — гуфт вай.
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки қатъан афзоиши ҳамкории минтақаӣ ва ҳамгароӣ дар ин замина ба таъмини амният дар минтақа кумак мекунад.