"Ҷон Сноу"-ро дар ҳолати мастӣ аз клуб берун карданд. Навор

Қаҳрамони филми "Игра престолов" Кит Харингтонро дар ҳолати мастӣ аз дохили яке аз клубҳои шаҳри Ню-Йорк ба зӯрӣ берун карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.  Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба тономаи TMZ хабар додааст.

Қазия рӯзи ҷумъа дар клуби Barfly дар шаҳри Ню-Йорк ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, ки Харингтон дар ҳолати мастӣ мехост  билярд бозад, вале бо чунин аҳвол ӯ ба диграон халал расонидааст. Ба иттилоъи шоҳидон посбонон нахуст аз ӯ оромона хоҳиш кардаанд, ки толори тарабхонаро тарк кунад, вале ӯ пас аз чанде баргаштааст.

Ин бор ҳунармандро ба зӯрӣ аз клуб берун кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ҷавоне дар Қазоқистон торихи қазоқҳоро ба сабки бозии "Игра престолов" ё "Бозии тоҷу тахт" бозсозӣ кардааст.

Таҳиякунанда расми қадимии муғултаборон — интихоби хоқонро, ки "хан-сайлау" хонда мешавад, бунмояи бозӣ қарор додааст: бозигарон бояд нақши хонҳоро офарида кӯшиш кунанд тахту тоҷро ба даст биёваранд.
Ҳар хоне барои гирд овардани нерӯи бештар зери парчами худ чопарҳоеро ба улусҳои қазоқ мефиристад. Ҳар касе бештар ёр гирифт, ҳамӯро хоқон эълом карда бар намади сафед бар медоранд.