ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар ин бора марди 52-солаи сокини пойтахт ба Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳодиса се рӯз пеш аз Соли нав 27-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки марди 52-солаи сокини кӯчаи Камол Хуҷандии пойтахт ба ВКД муроҷиат кардааст, ки рӯзи 27-уми декабри соли 2017, шахси номаълум худсарона ба хонааш ворид шуда, духтари 22-солаашро маҷбуран гирифта ба самти номаълум ғайб задааст.
Зимни баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо гумони одамрабоӣ дастгир шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.