ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Аз ҳама бештар як сокини сокини шаҳри Душанбе, Маҳмарафӣ Маҳмадов бо худрави "Опел-Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 254 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.
"Опел-Астра"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Панҷакент Муродилло Соҳибов 103 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоида ронандаи худрави "Матиз"-и Музаффар Хуморов сокини шаҳри Душанбе номбар шудааст. Ӯ 101 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
Дар миёни ронандагони ҷаримагурез ҳеч ронандаи зане номбар нашудааст. Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 17 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.
Пештар хабар дода будем, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду донишҷӯеро ошкор карда, ки бо худрави хусусӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо худрави хусусӣ қатъан мамнуъ аст.
Барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.