Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 6 январ ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв- Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо фурӯ омадани меғ (туман) пешбинӣ мешавад.   

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ пешбинӣ гардида, бод аз сӯи шарқ  3-8 метр ва баъзан 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш пешбинӣ мегардид. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа сар вда рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда, абрноки бебориш ва баъзан фурӯ омадани меғ пешбинӣ гардида, бод аз сӯи шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-3 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.