Дар Тоҷикистон даҳҳо имомхатиб аз имтиҳони солона нагузаштанд

Даҳҳо имомхатиб дар Тоҷикистон аз имтиҳони солона нагузаштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон даҳҳо имомхатиб имтиҳони солонаро супорида натавонисанд. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, имомонро намояндагони Кумитаи дин ва шӯрои уламо баргузор кардаанд. Шумораи дақиқи имомоне, ки аз имтиҳон нагузаштаанд, то ҳол маълум нест. 

Имтиҳон дар поёни соли 2017 баргузор шудаву натиҷаи он моҳи январи соли ҷорӣ муайян шудааст. Гуфта мешавад, ки ба зудӣ се ҳазор имомхатиби масоҷид барои намози ҷумъа имтиҳон хоҳад супорид.

Абдулқодирзода: сунниҳо ва шиъаҳо дар Тоҷикистон ҳамзистии мусолиматомез доранд

Нӯҳ сол мешавад, ки барои имомхатибон имтиҳон баргузор мекунанд. 

Баъзе аз имомхатибоне, ки аз имтиҳон нагузаштаву аз фаъолият барканор шудаанд, чунин мешуморанд, ки аз кор барканор шуданашон беадолатӣ ва бедодист.

Пештар хабар дода шуд, ки Кумитаи умури дину танзими ҷашну маросими Тоҷикистон тасмим гирифта, ки имомхатибҳои таҳсилкарда дар хориҷро аз масҷидҳо барканор кунад.

Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода ин тасмимро дурусту писандида шумурдааст.

"Агар Кумитаи умури дину танзими ҷашну маросим, ки ниҳоди масъули давлат дар ин замин аст, чунин тасмиме гирифтааст, пас далеле дорад ва тасмимгирияш дуруст аст", — гуфтааст вай.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки "агар манзур аз ин пешниҳод барканории худаш аз симати раёсати шурои уламо бошад, омода аст, канор биравад".