ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, кормандони милитсия дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 54-солаи сокини ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо дастгир намуданд.
"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 17-грамм сангҳои қимматбаҳои "Ёқут", дарёфт ва мусодира карда шуд", — омадааст дар хабарнома.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Пештар хабар дода шуд, ки аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи Мурғоб, корманди Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.