ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар раддабандии бунгоҳи байналмилалии British Backpacker Society Тоҷикистон ба 10-гонаи кишварҳои аҷиби гардишгарӣ шомил шуд. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон 7-ум шудааст.
Кишварҳои бештар мувофиқ ба гардишгарӣ шавқовару ҷолиб Покистон, Русия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон дониста шуда, Тоҷикистон дар паҳлӯи Лубнон ва Чин — дар мақоми 7-ум ҷойгир шудааст.
Дар ин раддабандӣ 20 кишвари ҷаҳон ширкат караанд, ки Гурҷистон, Уганда, Босния ва Герсеговина, Ӯрдун, Ироқ, Конго, Алҷазоир, Черногория, Миср, Руанда, Косово ва Узбакистон мавқеъҳои аз Тоҷикистон поёнтарро касб кардаанд. Узбакистон 19-ум аст.
Бунгоҳи British Backpacker Society созмони гардишгариест, ки бештар кишварҳои начандон маъруфро таҳқиқ мекунад.
Ёдрас мешавем, бо ибтикор ва фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Тоҷикистон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълом шудааст.