ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тавре аз Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд, пас аз чанд ҳафтаи гармӣ дар Тоҷикистон зимистони ҳақиқӣ фаро мерасад.
Гуфта мешавад, пагоҳ 4-уми январ қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон борон ё барф борида, вазиши бод шиддат меёбад. Интизор меравад, ки дар шимоли Тоҷикистон ҳарорат то 3 дараҷа гарм мешавад ва ҳавои абрӣ пешбинӣ мегардад.
Дар вилояти Хатлон, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф борида, ҳарорат дар водиҳо шабона то 1 дараҷа сард ва рӯзона то11 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ борони ба барф табдил меёбад. Дар ғарби вилоят шабона то 13 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 24 дараҷа ва рӯзона 11 дараҷа сард мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот пешбинӣ шуда, ҳаво рӯзона то —2+3 ва шабона то 8-13 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе рӯзона борон борида, шабона ҳарорат то сифр поин меравад. Рӯзона ҳарорат 8-10 дараҷа гарм мешавад. Барои имрӯз ожонс дар Душанбе то 18 дараҷа гармӣ пешбинӣ карда буд.