Додгоҳи Норак як ронандаи бангиро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

Ҳамчунин додгоҳ айбдоршавандаро ба муддати 5 сол аз ҳаққи идораи автомобил маҳрум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои расмии Тоҷикистон, додгоҳи Норак як ҷавони 22-соларо барои дар ҳолати мадҳушӣ идора кардани худрав, 15 ҳазор сомнӣ ҷарима ва ба муддати 5 сол аз ҳаққи идораи нақлиёт маҳрум кардааст.

Гуфта мешавад, ҷавон пас аз истеъмоли бангдона ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони ШБДА-и пойтахт дастгир мегардад. Пас аз муоинаи тиббии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломови шаҳри Душанбе муайян гардидааст, ки номбурда дар ҳақиқат навъи бангдона истифода бурда, дар ҳолати мадҳушӣ қарор доштааст.

Пештар Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯйхати ронандагони қонуншиканро мунташир карда, андозаи ҷаримаи онҳоро муайян карда буд. Ин ҷаримабандӣ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳандозӣ гардид. Ронандаҳо тибқи моддаҳои 332, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо аз 28.08 соли 2017 ба миқдори 12 500 сомонӣ ҷарима шуда бархе бо маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати то панҷ сол то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар Тоҷикистон бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.