Духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон зодрӯзашро чӣ гуна таҷлил мекунад?

Хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зодрӯзи духтари Эмомалӣ Раҳмон-Озода Раҳмонро ҷашн мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Имрӯз, 3 январ Озода Раҳмон, духтари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур  мавлудашро ҷашн мегирад. Дар ин рӯз ягон чорабинии махсус ба нақша гирифта нашудааст.

Ба назар чунин мерасад, ки хонаводаи раисҷумҳур низ ба  қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" арҷгузорӣ мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки барои мансабдорон ҳангоми нақзи қонуни танзим ҷаримаи калон муайян  шудааст, ки аз 26 то 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Озода Раҳмон дар  умури далатӣ аз соли 2005 ширкат мекунад. Ӯ дар соли 2005 вазифаи атташеи фарҳанг ва маорифи ҶТ дар Сафорати ҶТ дар Амрикоро иҷро мекард. Солҳои 2007-2009 дар симати сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчун ӯ солҳои 2009-2014 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Хонум Озода бо Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон таъин гардид. Аз 29 майи соли 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 15 июли соли 2016 Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардидааст.

Чанде пеш Озода Раҳмон дастур дода буд, ки барои баргузор кардани консерти хайриявӣ Филармонияи давлатии Тоҷикистон толорашро ройгон дар ихтиёраш бигзорад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ зодрӯзи духтари раисҷумҳурро корбарон муборакбод мегӯянд. Аз ҷумла Шоира Раҳимҷон дар Фейсбук бо шеъри тозае ба Озода Раҳмон таманниётҳои нек кардааст.