Зимистони гарм: имрӯз дар Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 3 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар дошта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 3 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво рӯзона 20-25 ва шабона 10-15 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, шамол аз самти шарқ 1-4 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 1-6 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.