Рӯҳонӣ гуфт, озодии эътироз ҳаққи қонунии мардуми Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, миллати Эрон тибқи Қонуни асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар баёни интиқодот ва эътироз, озод ҳастанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Бино бар гузориши хабаргузории "Парстудэй", Ҳасани Рӯҳонӣ асри якшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба бархе аз эътирозҳо дар нуқоти мухталифи Эрон, гуфт, миллати Эрон тибқи Қонуни асосӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар баёни интиқодот ва ҳатто эътироз, озод ҳастанд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин аз дастгоҳҳои масъул хост, заминаро барои интиқод ва эътирози қонунии мардум, аз ҷумла роҳпаймоӣ ва иҷтимои қонунманди онон фароҳам кунанд.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, набояд фазое эҷод шавад, ки барои дӯстдорони Инқилоби Исломӣ ва мардум дар бораи зиндаги ва амнияташон нигаронӣ эҷод шавад.

Рӯҳонӣ гуфт, миллати Эрон ҳамвора ба хубӣ шароити ҳассоси кишвар, минтақа ва ҷаҳонро дарк карда ва бар мабнои масолеҳи миллии худ тасмим мегиранд.

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, давлат рафтори гурӯҳеро, ки бихоҳанд амволи умумиро тахриб кунанд ё назми иҷтимоиро баҳам бизананд ва ё дар ҷомеа иғтишош эҷод кунанд, таҳаммул нахоҳад кард.

Дар се рӯзи гузашта шуморе аз мардум дар чанд шаҳри Эрон, бо баргузории таҷаммӯъ ва сар додани шиорҳое, ба таъйин нашудани таклифи молбохтагони муассисоти молӣ, гаронии бархе колоҳо ва заъфи назорати давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммӯҳоро фурсатталбон ва иғтишошгарон ба ошуб кашиданд.

Мақомоти амрикоӣ, расонаҳои ғарбӣ ва бархе мақомот ва расонаҳои арабӣ бо пӯшиш додани густурдаи ин эътирозҳо талош мекунанд, шароити Эронро буҳронӣ нишон диҳанд.