ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз, 2 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 ва рӯзона 4-1 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво рӯзона 20-25 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.