Истиқболи артиши Ироқ аз кӯмакҳои Русия ва Эрон алайҳи ДИИШ

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкНеруҳои ҳавоии Русия урдугоҳҳои омӯзишии ҷангиёни ДИИШ-ро мавриди ҳамла қарор доданд
Неруҳои ҳавоии Русия урдугоҳҳои омӯзишии ҷангиёни ДИИШ-ро мавриди ҳамла қарор доданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли фармондеҳи неруҳои ихтиёрии Ироқ Ҳасан ал-Сарӣ аъзои эътилоф аз нияти ҷидди худ барои муборизаи муштарак бо гуруҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Неруҳои низомии артиши Ироқ аз кӯмаки Русия ва Эрон дар доираи мубориза алайҳи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар қаламрави кишвари худу минтақа истиқбол менамоянд, навиштааст, хабаргузории "Форс" бо истинод ба Ҳасан ал-Сарӣ.

СММ: 25 ҳазор хориҷиён алайҳи ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд

"Эътилофи чаҳоргонаи муташаккил аз Русия, Эрон, Сурия ва Ироқ руҳияи ҷангии неруҳои мусаллаҳи Ироқро устувор мекунад, чун аъзои эътилофи тасмими ҷидди худро барои муборизаи муштарак алайҳи террористон нишон медиҳанд", — гуфтааст, ин фармондеҳ.

Ҳасан ал-Сарӣ таъкид кардааст, ки муборизаи эътилофи мазкур алайҳи ҷангиёни "Давлати исломӣ" ба нафъи кулли ҷаҳон мебошад.

Русия, Эрон, Ироқ ва Сурия қаблан дар шаҳри Бағдод маркази иттилоотии муштаракеро барои ҳамоҳанг намудани муборизаҳо алайҳи "Давлати исломӣ" таъсис доданд.

Ҳадаф аз ташкили ин марказ, ҷамъоварӣ, коркард, тартиб ва таҳлили маълумоти ҷорӣ оид ба вазъи Ховари Миёна дар заминаи мубориза бар зидди ҷангиёни террорист ва паҳн кардани маълумот ба таври фаврӣ ба ситодҳои кулли кишварҳои мазкур.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0