ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 30 ва 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе «Эстафетаи Хотира» доир мегардад, менависад сомонаи маъмурияти пойтахт.
30-юми март барои ширкат дар эстафета як ҳайат аз Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои ИДМ таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жексенбай Дуйсебаев ба шаҳри Душанбе омадаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар доираи ин маърака чорабиниҳо дар Боғи Ғалаба роҳандозӣ шуда, дар интиҳо шӯълаи оташи фурӯзони ҷовидон аз Комплекси мемориалии "Ғалаба" дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Маскав гирифта мешавад, ҳамзамон дар шаҳри Душанбе аксияи "Амвоҷи сабз" низ дар майдони "Ғалаба" доир мешавад.