Тоҷикистон назорати молии созмонҳои ғайридавлатиро ташдид мекунад

© SputnikБинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тирамоҳи соли 2014, замоне, ки вазорати адлия акнун таҳияи ислоҳи қонунро бо дастури ҳукумати кишвар оғоз карда буд, созмонҳои ғайридавлатӣ зимни муроҷиаn ба раиси ҷумҳур зикр карда буданд, ки сабти номи изофӣ то андозае фаъолиятҳои онҳоро душвор месозад.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ислоҳот ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", ки ташдиди назорати молии созмонҳои ғайридавлатиро дар назар дорад, имрӯз аз сӯйи вакилони Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд, хабар медиҳад сомонаи порлумони кишвар.

Ин ислоҳот, ки аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон таҳия шудаанд, таъсиси феҳрасти давлатии воридоти кӯмакҳои хайрияро дар назар дорад, ки ба он куллияи иттилоъот дар бораи кӯмакҳои молӣ ва маболиғи дигаре, ки барои иҷрои тарҳҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд сабт карда шаванд.

Нигаронии созмонҳои ғайирдавлатӣ дар Тоҷикистон

"Ин тағйирот ба қонун ба манзури шаффофияти дарёфти маболиғ аз сӯйи созмонҳои ғайридавлатӣ ворид карда шудаанд. Дар Тоҷикистон феълан 2602 созмони ғайридавлатӣ сабт шуда 137 адади он созмонҳои байналмиллалӣ мебошанд", — хабар дода мешавад дар сомонаи порлумони кишвар.

Ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2014, замоне, ки вазорати адлия акнун таҳияи ислоҳи қонунро бо дастури ҳукумати кишвар оғоз карда буд, созмонҳои ғайридавлатӣ зимни муроҷиъа ба раиси ҷумҳур зикр карда буданд, ки сабти номи изофӣ то андозае фаъолиятҳои онҳоро душвор ва маҳдуд месозад.

Созмонҳои ғайридавлатӣ бештар аз он нигарон буданд, ки дар таҳияи ин ислоҳот ҷомеъаи шаҳрвандӣ мушорикат надошт ва ба ин далел созмонҳои ҷамъиятӣ намедонанд, ки иҷрои ин тарҳ дар фаъолияти онҳо чӣ душвориҳое эҷод хоҳад кард.

Ин амр ба эътиқоди онҳо фишори изофии маъмурӣ барои созмонҳои ғайридавлатӣ хоҳад буд, ки бе он ҳам ба вазорати адлия ва ниҳодҳои андоз дар бораи фаъолияти худ ва манобеъи сармоягузорӣ (аз ҷумла сармоягузории хориҷӣ) гузоришҳои комил ироъа мекунанд.

Матни комили ислоҳоти воридшуда ба қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ҳанӯз дастрас нест.

Лентаи хабарҳо
0