WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкФурудгоҳи низомии Марҷ ал-Султон зери тасарруфи артиши Сурия даромад. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи низомии Марҷ ал-Султон зери тасарруфи артиши Сурия даромад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маъмурияти президенти ИМА Борак Обама шурӯъ аз оғози низоъи Сурия кӯшиши сарнагун кардани Башор Асадро доштанд, аммо нақшаи Вашингтон барабас рафт, менависад рӯзномаи Wall Street  Journal бо истинод ба мансабдорони собиқ ва феълии Амрико, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Аснои сар задани муноқиша дар Сурия, ИМА ба ҳар васила саъй мекард "халоъ дар низоми Димишқ"-ро пайдо кунад ва бо ин роҳ кудатои низомиро анҷом бидиҳад, менависад нашрияи мазкур.

Пусковая установка зенитной ракетной системы комплекса С-400 Триумф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: ИМА аз интиқоли маҷмааи С-400 ба Сурия нигарон аст

"Аммо як чунин камбудиҳо кам ва хеле кам пайдо шуданд. Зимнан, дар соли 2011 хадамоти ҷосусии Амрико афсарони алавиеро ҷустуҷӯ карда ёфтанд, ки дар ҳолати зарурӣ ба сари қудрат биёянд",- иттилоъ медиҳад рӯзнома бо такя ба масъулини собиқ ва феълии маъмурияти Кохи Сафед.

Дар ҳоли ҳозир, понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Тасвиби ин қатънома нишонаи камсобиқа аз тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи ҷанг дар Сурия аст. Ин қатънома хостори ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайрифирқаӣ" дар шаш моҳи оянда шуда ва мегӯяд, дар "18 моҳи оянда интихоботи озод ва одилона бар асоси Қонуни асоси нав баргузор хоҳад шуд."

 

Лентаи хабарҳо
0