ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Гулмурод Ҳалимов, полковники ОМОН тибқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст, менависад АМИТ "Ховар"
Додситонӣ бо нашри як иттилоия гуфтааст, Ҳалимов тибқи моддаи 305 (Хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 4011 (Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳо) мутаҳҳам дониста мешавад ва дар ғоибаш низ ҳукми ҳабси вай содир шудааст.
Додситони кулл гуфтааст, ин парванда ҳанӯз 28 майи соли ҷорӣ боз шудааст.
"Худи ҳамон рӯз нисбат ба Ҳалимов Г.С. бо иҷозати суд чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона татбиқ гардида, кофтукови байналмиллалии номбурда эълон карда шуд", — омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Аммо досдитонии кулл иттилои расонаҳоро дар бораи ташкили ситоди махсуси муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар мавриди баррасии ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимовро беасос донистааст.
"Ситоди муштараке, ки айни ҳол фаъолият дорад, ҳанӯз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Тоҷикистон бо мақсади таҳти роҳбарии як ниҳод муттамарказ гардонидани таҳкиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳо созмон дода шудааст", — омадааст дар он иттилоия.
Додситонӣ мегӯяд, роҳбарии тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гулмурод Ҳалимов низ ба ӯҳдаи Ситоди мазкур вогузор карда шудааст.
"Тафтиши то ба имрӯз гузаронида муайян намуд, ки Ҳалимов Г.С. даст ба хиёнат ба давлат ва савганди афсари милитсияи тоҷик зада, аҳли оила ва фарзандони ноболиғи худро бесаробон гузошта, аз ҳиссиёти ғаразнок аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда, ба ташкилоти байналмилалии террористии бо ном "Давлати исломӣ", ки ягон умумият бо арзишҳои дини Ислом надорад ва ҷиноятҳои даҳшатовари содиркардааш ба амнияти байналмилалӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид мекунанд, пайвастааст", — зикр мекунад додситонӣ.
"Ҳалимов дар ивази маблағҳои ба ӯ пардохташуда ба сиёҳкунии Тоҷикистон машғул гашта, аз ҷониби фармоишгарони худ дар намоиши видеоии сохташуда, ки ба таърифкунии "Давлати исломӣ" ва сафедкунии ҷиноятҳои даҳшатноки содиркардаи намояндагони он равона карда, ба воситаи сомонаи Интернет паҳн гардонида шудааст, ба сифати "актёр" истифода шуда истодааст", — мегӯяд ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.
Дар охири ин иттилоия омадааст, ки хабарҳо дар бораи он ки гӯё бархе аз ҳамхизматони Ҳалимов низ бо ӯ Тоҷикистонро тарк карда, ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, воқеият надоранд.