Ному насаби 4 марзбони асир эълон шуд

© Sputnik / Валерий ЯрмоленкоСарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ду сӯи дарёи Панҷ
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ду сӯи дарёи Панҷ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарбозони асируфтода аз қисми ҳарбии 26 10-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҳастанд ва додситон алайҳи сардори ин қисми ҳарбӣ бо иттиҳоми бемасъулиятӣ парванда боз кардааст.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ному насаби чаҳор нафар аз сарбозони асируфтода дар дасти "Толибон"-и Афғонистон аз сӯи Додситони вилояти Хатлон эълон шуд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Анвар Назаров, ёвари додситони вилояти Хатлон 8 январ зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, сарбозони асируфтода аз қисми ҳарбии 26 10-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҳастанд ва додситон алайҳи сардори ин қисми ҳарбӣ бо иттиҳоми бемасъулиятӣ парванда боз кардааст.

Пулиси Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Р.Раҳмоналӣ: сарҳадбонони рабудашуда ба зудӣ озод мешаванд

Силоҳбадастон рӯзи 19 декабр Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибой Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меҳроҷ Шодиев, соли таваллудаш 1994-ро асир гирифта, ба Афғонистон бурдаанд. Ин сарбозон берун аз қисми ҳарбии 26 10 дар вақти ҷаъоварии ҳезум дар як минтақаи ҳоили байни Тоҷикистону Афғонистон асир гирифта шудаанд.

Ду нафари ин сарбозон, ба гуфтаи Анвар Назаров, сокинони шаҳри Душанбе буда, як нафар аз Қумсангир ва якеи дигар аз вилояти Суғд мебошад.

Ҷаноби Назаров афзудааст, парвандаро мушахассан алайҳи фармондеҳи қисми ҳарбии 26 10 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Алимуҳаммад Додокалонов боз кардаанд.

Қаблан Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, мақомоти Тоҷикистон музокира пеш бурда истодаст, то сарҳадбонон ҳарчӣ зудтар пас гардонда шаванд. Раҳмоналӣ афзуд, намояндаҳои раёсати марзбонӣ бо худи сарҳадбонон сӯҳбат кардаанд ва аз аҳволи ҳаррӯзаи онҳо бохабаранд.

Бар пояи иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷик, аз Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд. Ҳамчунин онҳо хостори раҳоии як узви шабакаи Ал-Қоида ҳастанд, ки низ аз Тоҷикистон буда, чанд моҳ пеш бо либоси занона боздошт шуда буд ва ҳоло дар Қундуз нигоҳ дошта мешавад.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0