Як сокини Исфара аз тири марзбонони қирғиз кушта шуд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкГузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Гузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари муноқиша миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз, як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захмӣ шуда ва як сокини ҷамоати Чоркуҳи Исфара ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар пайи муноқишаи марзбонони тоҷику қирғиз дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи ноҳияи Исфара як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин муноқиша баъд аз зуҳри 6 июл рух додааст. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ба "Озодӣ" гуфтааст, марзбонони қирғиз ба тарафи сарҳадбонони тоҷик, ки савори як мошини низомӣ будаанд, тирандозӣ карданд. Шахсе, ки бар асари ин тирандозӣ ба ҳалокат расидааст, сокини ҷамоати Чоркуҳ Боборизо Ризоеви 18-сола мебошад ва ҳамин сол мактаби миёнаро хатм кардааст.

Олимов ба нақл аз афсари захмии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳоло дар бемористон қарор дорад, гуфтааст, ҳодиса ҳангоми ҳаракати онҳо аз деҳаи Лангар ба самти ҷамоати Чоркуҳ сурат гирифтааст. Мошини онҳоро марзбонони қирғиз манъ намуда ва иҷозаи убур аз деҳаи марзии Лангарро надодаанд ва дар натиҷа муноқиша бархоста ва марзбонони қирғиз ба тарафи афсари тоҷик тир кушоданд.

Ба гуфтаи манбаъ, тири марзонони қирғиз дасти афсари тоҷикро захмӣ намуда ва ба дили Боборизо Ризоев асобат кардааст. Раиси ҷамоати Чоркуҳ гуфтааст, Боборизо Ризоев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

То ба ҳол мақомоти расмии марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0