Украина 1 январ ба Русия “посух” мегӯяд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкСарвазири Украина Арсений Ятсенюк. Акс аз бойгонӣ
Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли нахзуствазири Украина Киев тайи се соли ахир вобастагии молиаш аз Русияро то се маротиба коҳиш дода, дар оянда низ аз ин иқдом кор мегирад.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳукумати Украина тасмим дорад, шурӯъ аз 1 январи соли 2016 "чораҳои монанд" дар муносибат бо Русияро дар посух ба қарори Маскав дар бораи қатъи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ (МОТ) ва таҳримҳои ғизоӣ роҳандозӣ намояд, иброз дошт нахуствазири укроинӣ Арсений Ятсенюк рӯзи панҷшанбе.

Ҳавопаймои Ту-154м ширкати Аэрофлот - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши сареи Медведев ба таҳримҳои нави Украина

"Дар ҷавоб ба машваратҳои тӯлонии мо, тавре интизор мерафт, Русия эмбаргои молиро дар қиболи маҳсулоти укроинӣ ҷорӣ кард, ки аз 1 январи соли оянда ба қувваи амал медароянд. Ин қарори нахустини ФР дар муқобили Украина нест, балки фишори муназзам ва давомдор буда, дар 10 соли ахир ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид сохт… Аммо ин тасмимҳои Русия посухи мушаххас аз ҷониби мо гирифтанд ва ҳам дар оянда хоҳанд гирифт",- илова кард Ятсенюк аснои муаррифии қонун дар парлумон.

Ба гуфти ӯ, Украина Киев тайи се соли ахир вобастагии молиаш аз Русияро то се маротиба коҳиш дода, дар оянда низ аз ин иқдом кор мегирад. "Агар се сол қабл содироти моли укроинӣ ба Русия 35% (аз ҳаҷми умумии содирот- шарҳ аз идора)-ро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда ба ҳадди 12%, яъне се маротиба коҳиш дода шудааст",- афзуд Ятсенюк.

"Қонуне, ки мо барои тасвиб пешниҳод менамоем, ба ин гуна аст: кабинаи вазирони Украина дар сурати қабули санад аз 1 январи соли 2016 дар қиболи Русия "чораҳои монанд" барои ҷилавгирӣ аз вобастагии Русияро роҳандозӣ хоҳад кард",- гуфт вай.

Парлумони Украина рӯзи панҷшанбе қонуни мазкурро қабул кард.

Лентаи хабарҳо
0