Расонаҳо: толибон аз оғози ҳамалоти баҳорӣ эълом карданд

© Sputnik / Евгений Пахомов / Гузариш ба медиабонкТолибон. Акс аз бойгонӣ
Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷунбиши “Толибон” баёнотеро пахш карданд, ки дар он аз оғози амалиёти низомӣ, ки ҳадафаш қабл аз ҳама пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон ва ниҳодҳои низомии ин кишвар мебошанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҷунбиши "Толибон" аз оғози ҳамалоти низомии баҳорӣ дар Афғонистон, ки 24 апрел сурат мегирад, эълом кард, хабар медиҳад Афганистан.Ру бо истинод ба изҳороти толибон.

Онҳо изҳор доранд, ки "ишғолгарон" ҳадафи аслии ин ҳамалот қарор мегиранд.

"Ҳадафи аслии ин амалиёт ишғолгарони хориҷӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои доимии онҳо ва ҳамчунин кормандони ниҳодҳои вижаи Афғонистон, ВКД ва вазорати дифоъ мешаванд", — иқтибос овардааст аз ин изҳорот Газета.Ру.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент бар тақвияти ҳифзи марз таъкид кард

Ба иттилоъи Афганистан.Ру шӯришиён қасд доранд аъмоли ҳамалоти маргхоҳон, роҳандозии ҷосусони тахрибкор ба ниҳодҳои интизомии Афғонистон, даргириҳои низомӣ ва ҳамчунин мушакборонҳоро анҷом бидиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0