ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Як туфангча ва тирҳо воқеъан ба узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов, ки ахиран аз сӯйи маъмурони КДАМ боздошт шудааст, таъаллуқ доранд, гуфт раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ба хабарнигорон, менависад хабаргузории Авеста.
Ба гуфтаи Кабирӣ, дар соли 1996, замоне, ки яке аз аъзои Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф кушта шуд, ба манзури таъмини амният ба Маҳмудов аслиҳа ва тирҳо дода шуда буданд, вале баъд аз як моҳ раҳбари собиқи ҲНИТ Сайид Абдулло Нурӣ ба ӯ машварат дод, ки ин аслиҳаро нобуд созад.
"Ин супориш ба узви Иттиҳоди мухолифони тоҷик Абдулатиф Сардоров (Латиф Сардоров — идора) дода шуд, вале баъд ошкор шуд, ки вай ин аслиҳаро нобуд насохта дар ҳавлии худ зери замин гӯр кардааст. Соли 2013 келини Сардоров бо писари вай аз ҳам ҷудо шуданд. Вай аз вуҷуди ин аслиҳа огаҳӣ дошт ва соли 2013 ба манзури қасос аз ҳамсари собиқаш ба ниҳодҳои интизомӣ дар ин бора хабар дод", — гуфт Кабирӣ ба хабарнигорон.
Сипас, ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, маъмурони интизомӣ ба ҳавлии Сардоров омада ин аслиҳаро пайдо карданд, вале ҳеҷ иқдоме накарда баргаштанд.
"Онҳо аслиҳаро дар ҷояш гузоштанд ва эҳтимолан шароити хуберо мунтазир буданд, ки дар соли 2015, яъне тақрибан баъд аз якуним сол, фаро расид. Ин ки аз аслиҳаи ошкор шуда якуним сол хомӯш буданд, ҳадаф аст", — мутмаин аст Кабирӣ.
Имрӯз КДАМ аз боздошти узви Комиссия марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа хабар дод. Ба дунболи хабари КДАМ, Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гузориши вижаеро дар зуҳри 11 феврал ба нашр расонид.