ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар вулусволии Сангини вилояти Ҳилманди Афғонистон байни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон даргириҳои шадид идома дорад, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии TOLOnews.
Ба навиштаи ин расона, ҳоло барои кӯмак ба низомиёни ҳукуматӣ гурӯҳе иборат аз сарбозону афсарони собиқадор ба минтақа эъзом шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Маъсум Станакзай, сарпарасти вазорати дифои ин кишвар иброз доштааст, ки неруҳои тақвиятӣ ба вулусволии Сангин расидаанд.
Вазорати дифоъи Афғонистон ҳамчунин аз нируҳои эътилофи байналмиллалӣ кӯмак, ба вижа ёрии ҳавоӣ хостааст.
Британияи Кабир неруҳои маҳдуди худро дар чаҳорчӯбаи эътибори НАТО ба Ҳилманд фиристодааст. Вулусволии Сангин минтақаи муҳими кишти нашъа ба шумор меравад ва бо Покистон ҳаммарз аст.
Мушкилоти вулусволии Ҳилманд ба ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло фишори бештар ворид кардааст.