ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба масъулини ВКД-и ин кишвар дастур додааст, барои боздошти зиндониёни фирории маҳкум ба абад аз СИЗО-50 тамоми чораҳоро андешида шавад.
Ҷаноби Отамбоев ин дастурро зимни мулоқот бо вазири корҳои дохилии ин кишвар Мелис Турганбаев субҳи душанбе додааст.
Ҳафтаи қабл аз СИЗО-50-и Қирғизистон, воқеъ дар наздикии шаҳри Бишкек 9 зиндонӣ, ки аъзои ҳаракати террористии мамнуи "Жайшул Махди" мебошанд, бо куштани се муҳофизи зиндон фирор кардаанд. 7 нафари онҳо барои як умр равонаи зиндон шуда буданд. Панҷ тани фирориён зуд боздошт шуда, рӯзи ҷумъа ҳангоми амалиёти боздошти боқимондаҳо Даниёр Қодиралиев, маҳбуси фирорӣ, ки барои як умр равонаи зиндон шуда буд, кушта шуд.
"Отамбоев ба ВКД дастур дод, то барои боздошти фирориёни боқимонда тамоми чораҳоро биандешад. Инчунин раисҷумҳур дар робита ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар кишвар дастурҳои мушаххаси дигарро ҳам дод", — навиштааст, сомонаи президенти Қирғизистон.
Вазири корҳои дохилии Қирғизистон зимни ҳисоботи худ гуфтааст, ки тамоми неруҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод барои боздошти фирориёни боқӣ сафарбаршудаанд.
Тибқи иттилои ВКД, амалиётҳои ин ниҳод барои боздошти фирориён дар маҷмааҳои бузурги тиҷории ин кишвар бенатиҷа буда, ҳоло ҷустуҷӯи онҳо дар хобгоҳҳои манотиқи ҳамсоягии пойтахт идома дорад.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таъкид кардааст, ки фирориёни боқӣ феълан дар қаламрави ин кишвар қарор доранд. Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ҳар зиндонии фирорӣ аз СИЗО-50 барои ҷомеа хатари бузург доранд.