Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд идома дорад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мошин дар роҳи нави Айнӣ-Панҷакент
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мошин дар роҳи нави Айнӣ-Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии сафари президент ба шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари серӯзаи худ ба вилояти Суғдро субҳи якшанбе аз ноҳияи Айнӣ оғоз карда, дар ин ҷо маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрориро ифтитоҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон: ба Ҳисор 1 миллиард сомонӣ равона мегардад

"Кохи фарҳанг ба хотири 150-солагии шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрал бунёд шуда, қиматаш ба 5 миллион сомонӣ баробар аст".

Ба иттилои дафтари матбуотии сарвари давлат, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи шимоли кишвар роҳи навсозишудаи Айнӣ-Панҷакент мавриди истифода қарор гирифт. Бозсозии ин роҳи 112-километрӣ, ки солҳои ахир вазъи баде дошт ва равуои сокинонро сангинтар мекард, моҳи октябри 2012 шурӯъ шуда буд.

Президент яке аз нахустинҳо шуда, бо мошин аз ин роҳ гузашт ва дар суҳбат бо сокинони Панҷакент гуфт, ки барои бозсозии он 115 миллион доллар сармояи Бонки Осиёии Рушд ва ширкати сохтмонии "Сансиян Бейсин"-и Чин сарф гардидааст.

Сипас, раисҷумҳур дар Панҷакент навбати дуюми коргоҳи заршӯии Корхонаи муштараки "Зарафшон"-ро, ки бо арзиши 160 миллион доллар бунёд шудааст ва дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 11 ҳазор тонна маъданро дорад, ба истифода супурд.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми коргоҳи заршӯӣ имкон медиҳад, ки  ҳар сол ба маблағи 550 миллион сомонӣ, ё 2,2 тонна тилло истеҳсол карда шавад.

Ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-декабри соли 2014. Акс аз Хадамоти матбуотии президент - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон

Ҳамзамон, шоми дирӯз дар шаҳри Панҷакент Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии "Шаҳзод"- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан дидан намуд. Ӯ ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалине, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид барои кишоварзон манбаъи файзу баракат арзёбӣ кард.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, оқои Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш аз ноҳияҳои Ғончӣ, Истаравшан, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафурову Хуҷанд низ боздид хоҳад кард.

Шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ аз ҳадафҳои аслии сафари президент ба шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0