https://sputnik.tj/20250408/artishi-rusiya-deha-viloyati-kursk-neruhoi-ukraini-ozod-1066908459.html
Артиши Русия боз як деҳа дар вилояти Курскро аз нерӯҳои украинӣ озод кард
Артиши Русия боз як деҳа дар вилояти Курскро аз нерӯҳои украинӣ озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия расман дар бораи озод намудани деҳаи Гуево, ки дар вилояти Курски ин кишвар қарор дорад аз дасти нерӯҳои украинӣ хабар дод
2025-04-08T20:22+0500
2025-04-08T20:22+0500
2025-04-08T20:22+0500
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
талафот
деҳа
озод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066908677_0:223:3071:1950_1920x0_80_0_0_bde8fc298f617a48860e527f2114f13e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки низомиёни Русия рустои Гуево дар вилояти Курскро зери назорат гирифтанд."Воҳидҳои гурӯҳи низомии "Шимол" дар ҷараёни амалиёт деҳаи Гуевои вилояти Курскро озод карданд", - гуфта мешавад хабари вазорат.Тавре ба хабаргузории РИА “Новости” як афсари гурӯҳи "Шимол" хабар дод, нирӯҳои Русия дар назди калисои Мавлуди Мариям дар маркази деҳа парчами Русияро барафрохтаанд."Ба шарофати озод кардани Гуево, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия метавонанд амалиётҳои ҷангии худро дар манотиқи ҳамсоя ба самти вилояти Сумаи Украина боз ҳам густариш диҳанд", - таъкид кардааст манбаъ.Ба гуфтаи вай, сарбозон Гуеворо поксозӣ доранд, миқдори зиёди аслиха ва лавозимоти низомиро, ки кишварҳои узви НАТО истеҳсол кардаанд, пайдо карданд.Дар авоили мохи март артиши Русия дар вилояти Курск ба ҳуҷуми густурда шуруъ карда, дар давоми чанд руз беш аз 1100 километри мураббаъ хоки ин минтақаро аз душман озод карданд.Танҳо аз 8 то 14 март беш аз 30 маҳаллаи аҳолинишин, аз ҷумла шаҳраки Суҷа аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ бозпас гирифта шуд. Охирҳои моҳи гузашта артиш деҳаи Гоголевкаро таҳти назорати худ гирифт.Умуман, дар рафти задухӯрдҳо дар ин минтақа душман 72 ҳазору 760 сарбоз ва 405 танкро аз даст додааст.
https://sputnik.tj/20250404/duvumin-sarbozi-ukraina-viloyati-kursk-benomu-nishon-1066867041.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066908677_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_100f490d0ebe9b9a61bc05e8eea2a29e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, курск, нерӯҳои украинӣ, талафрот, озод, деҳа, гуева
русия, украина, амалиёти вижа, курск, нерӯҳои украинӣ, талафрот, озод, деҳа, гуева
Артиши Русия боз як деҳа дар вилояти Курскро аз нерӯҳои украинӣ озод кард
Вазорати дифои Русия расман дар бораи озод намудани деҳаи Гуево, ки дар вилояти Курски ин кишвар қарор дорад аз дасти нерӯҳои украинӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки низомиёни Русия рустои Гуево дар вилояти Курскро зери назорат гирифтанд.
"Воҳидҳои гурӯҳи низомии "Шимол" дар ҷараёни амалиёт деҳаи Гуевои вилояти Курскро озод карданд", - гуфта мешавад хабари вазорат.
Тавре ба хабаргузории РИА “Новости” як афсари гурӯҳи "Шимол" хабар дод, нирӯҳои Русия дар назди калисои Мавлуди Мариям дар маркази деҳа парчами Русияро барафрохтаанд.
"Ба шарофати озод кардани Гуево, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия метавонанд амалиётҳои ҷангии худро дар манотиқи ҳамсоя ба самти вилояти Сумаи Украина боз ҳам густариш диҳанд", - таъкид кардааст манбаъ.
Ба гуфтаи вай, сарбозон Гуеворо поксозӣ доранд, миқдори зиёди аслиха ва лавозимоти низомиро, ки кишварҳои узви НАТО истеҳсол кардаанд, пайдо карданд.
Дар авоили мохи март артиши Русия дар вилояти Курск ба ҳуҷуми густурда шуруъ карда, дар давоми чанд руз беш аз 1100 километри мураббаъ хоки ин минтақаро аз душман озод карданд.
Танҳо аз 8 то 14 март беш аз 30 маҳаллаи аҳолинишин, аз ҷумла шаҳраки Суҷа аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ бозпас гирифта шуд. Охирҳои моҳи гузашта артиш деҳаи Гоголевкаро таҳти назорати худ гирифт.
Умуман, дар рафти задухӯрдҳо дар ин минтақа душман 72 ҳазору 760 сарбоз ва 405 танкро аз даст додааст.