https://sputnik.tj/20240516/shoygu-peshravi-amaliyoti-vizha-hamla-minbada-1062851312.html
Шойгу аз пешравӣ дар амалиёти вижа ва ҳамлаҳои минбаъда гуфт
Шойгу аз пешравӣ дар амалиёти вижа ва ҳамлаҳои минбаъда гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Захираҳои зарурии одамон ва техника барои ҳамлаи минбаъда дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ фароҳам оварда шудаанд, гуфт Сергей Шойгу
2024-05-16T12:34+0500
2024-05-16T12:34+0500
2024-05-16T12:34+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
сергей шойгу
амалиёт
амалиёти вижа
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841043_0:103:3072:1831_1920x0_80_0_0_5b4dedcb6d624defcb133297bd35519b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия, Сергей Шойгу самти асосии кораш дар мақоми навро низ амалиёти вижаи низомӣ хонд. Дабири нави Шӯрои амнияти Русия гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳамаи самтҳои амалиёти вижа пеш рафта истодаанд. Захираҳои зарурии одамон ва техника барои ҳамлаи минбаъда фароҳам оварда шудаанд, гуфт ӯ.Маврид ба зикр аст, ки Шойгу аз соли 2012 раёсати вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт. Пас аз маросими савгандёдкунии президент Андрей Белоусов ӯро дар ин мақом иваз кард.Тавре Владимир Путин гуфт, Шойгу дар вазифаи наваш комиссияи комплекси ҳарбӣ-саноатии назди президентро раҳбарӣ мекунад ва кори Хадамоти федеролии ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷиро роҳандозӣ мекунад. Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20240515/neruho-difo-havoii-rusiya-havopaymo-ukrain-sarnagun-1062845846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841043_34:0:2765:2048_1920x0_80_0_0_fbbc640b139f8ca17380dbb86a6bfe77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
одамон, зарурӣ, захира, шойгу, ҳамла, амалиёт, вижа, низомӣ
одамон, зарурӣ, захира, шойгу, ҳамла, амалиёт, вижа, низомӣ
Шойгу аз пешравӣ дар амалиёти вижа ва ҳамлаҳои минбаъда гуфт
Захираҳои зарурии одамон ва техника барои ҳамлаи минбаъда дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ фароҳам оварда шудаанд, гуфт Сергей Шойгу
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия, Сергей Шойгу самти асосии кораш дар мақоми навро низ амалиёти вижаи низомӣ хонд.
Дабири нави Шӯрои амнияти Русия гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳамаи самтҳои амалиёти вижа пеш рафта истодаанд.
Захираҳои зарурии одамон ва техника барои ҳамлаи минбаъда фароҳам оварда шудаанд, гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Шойгу аз соли 2012 раёсати вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт. Пас аз маросими савгандёдкунии президент Андрей Белоусов ӯро дар ин мақом иваз кард.
Тавре Владимир Путин гуфт, Шойгу дар вазифаи наваш комиссияи комплекси ҳарбӣ-саноатии назди президентро раҳбарӣ мекунад ва кори Хадамоти федеролии ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷиро роҳандозӣ мекунад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.