https://sputnik.tj/20240516/rahmon-prokuror-muboriza-gardish-nasha-siloh-kiberjinoyat-1062850408.html
Раҳмон бо прокурорҳо аз мубориза бо нашъа, терроризм ва силоҳу киберҷиноятҳо гуфт
Раҳмон бо прокурорҳо аз мубориза бо нашъа, терроризм ва силоҳу киберҷиноятҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар нишасти додситонҳо дар Душанбе қарор доранд 16.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-16T10:50+0500
2024-05-16T10:50+0500
2024-05-16T10:51+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
иқтисод
ҳамкорӣ
додситон
прокурор
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/10/1062850040_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_bac0589f6632522e0f2ed50bb19f0161.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Сулҳу субот дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслӣ, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баён дошт. Раҳмон нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа таъкид намуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуд. Вай мақомоти кишварҳои узви созмонро ба мубориза бо ин таҳдидҳо даъват намуд."Дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад", - гуфт раисҷумҳур.Вай изҳори умед кард, ки рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.
https://sputnik.tj/20240510/muqovimat-terrorizm-hududi-avruosiyo-barrasi-1062811669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/10/1062850040_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_0fe1e713be179ec374d22e39cbf6b716.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, иқтисод, ҳамкорӣ, додситон, прокурор, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, иқтисод, ҳамкорӣ, додситон, прокурор, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон бо прокурорҳо аз мубориза бо нашъа, терроризм ва силоҳу киберҷиноятҳо гуфт
10:50 16.05.2024 (Навсозишуда: 10:51 16.05.2024) Прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар нишасти додситонҳо дар Душанбе қарор доранд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Сулҳу субот дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслӣ, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баён дошт.
Раҳмон нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа таъкид намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуд.
Вай мақомоти кишварҳои узви созмонро ба мубориза бо ин таҳдидҳо даъват намуд.
"Дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад", - гуфт раисҷумҳур.
Вай изҳори умед кард, ки рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.