Ҳукумати Русия бо раҳбарии Михаил Мишустин истеъфо дод

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Михаил Мишустин выступил с отчетом в Госдуме
Премьер-министр Михаил Мишустин выступил с отчетом в Госдуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Обуна шудан
Дар пайи маросими савгандёдкунии Владимир Путин ҳукумати Русия ба истеъфо рафт. Ин тибқи талаботи қонун сурат гирифта, интизор меравад, ҳукумати нав таъйин шавад
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ҳукумат таҳти раёсати Михаил Мишустин баъди маросими савгандёдкунии Владимир Путин дар ҳайати комил ба истеъфо рафт.
Ин ҳукумат дар таърихи навини Русия 17-умин буд. Он зиёда аз 4 сол, аз нимаи моҳи январи соли 2020 амал мекард.
Девони вазирон ба ҷои ҳукумат бо раҳбарии Дмитрий Медведев омад, он вақт истеъфои пеш аз мӯҳлат пас аз паёми таърихии Путин ба Маҷлиси федералӣ сурат гирифт.
Ин давраи кабинаи вазирони Мишустин пандемияи коронавирус, амалиёти вижаи низомӣ ва таҳримҳои сершумори ғарбиро дар бар гирифт. Ҳукумат пас аз маросими савгандёдкунӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Русия истеъфо дод.
Пас аз истеъфо вазирон мақоми иҷрокунанда гирифтанд ва то тасвиби ҳукумати нав дар он боқӣ хоҳанд монд.

Ҳукумати Русия тибқи қоидаҳои нав

Бори нахустин ҳукумати нави Русия тибқи низомномае, ки соли 2020 вориди конститутсия шудааст, таъсис дода мешавад.
Қаблан тамоми аъзои Девони вазиронро бо фармонҳои президент таъин мекарданд: раиси ҳукумат дар мувофиқа бо Думаи давлатӣ ва вазирону муовинони сарвазир бидуни мувофиқа. Акнун қариб ҳамаи онҳо аз ҷониби порлумон пешакӣ бояд тасдиқ карда шаванд.
Дар давоми ду ҳафтаи пас аз савгандёдкунӣ, президент бояд номзади сарвазирро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад, ки барои баррасии он як ҳафта ҷудо карда шудааст (одатан ин кор тезтар сурат мегирад).
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Намояндаи Тоҷикистон дар савгандёдкунии Путин маълум шуд
Агар ризоияти вакилон гирифта шавад, пас сарвари давлат раиси ҳукуматро ба ин вазифа таъин мекунад. Агар ин пешниҳод рад шавад (чунин аз соли 1998 инҷониб рух надодааст ва ин дафъа низ пешгӯӣ намешавад), президент бори дигар номзад пешбарӣ мекунад, ё номзади нав, ё ҳамон номзади пешин.
Агар номзадҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Думаи давлатӣ се маротиба рад карда шаванд (чунин дар таърихи Федератсияи Русия ҳеҷ гоҳ рух надодааст), пас, тибқи қонун, сарвари давлат мустақилона роҳбари Девони вазиронро тасдиқ мекунад ва ҳамзамон ӯ ҳуқуқ дорад, ки Думаро пароканда кунад ва интихоботи нав таъин кунад.
Ба таври истисно раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияро сарвари давлат пас аз машварат бо Шӯрои Федератсия таъин мекунад.

Арзёбии фаъолият

Дар баромадҳои худ Путин ба таври мунтазам ба кори Девони вазирони кунунӣ баҳо медод, баъзан ӯ камбудиҳоро нишон дода, эродҳо мегирифт, аммо бештар барои фаъолият онҳоро ситоиш мекард ва миннатдорӣ менамуд.
Ба гуфтаи сарвари давлат, "дастаи маъмурӣ, ба маънои васеи калима, хеле муассир амал мекунад, натиҷаи фаъолияташ қаноатбахш аст". Махсус президент комёбиҳоро дар самти рақамикунонӣ ва иҷрои тамоми ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ назди шаҳрвандон қайд мекард.
Дар тӯли 4 сол ҳукумати Михаил Мишустин аз вакилони парлумон низ баҳои баландтаринро мегирифт.
Дар ҳар як ҳисоботи Девони Вазирон дар Думаи давлатӣ ва машваратҳои пешакӣ ҳамаи ҳизбҳои парлумонӣ муносибати конструктивӣ ва муваффақиятҳои кори якҷояро нишон медоданд.

Чӣ тавр ва чаро ҳукумати Русия барвақт истеъфо медод?

Ҳукумати Русия бори аввал 23 марти соли 1998 барҳам дода шуд. Девони вазирони Виктор Черномирдинро он вақт президент Борис Елтсин барканор кард. Сабаби расмӣ ин нияти рафъи мушкилоти иқтисодӣ бо дастаи нав буд. Пас аз чанд моҳ Елтсин ҳукумати Сергей Кириенкоро ба истефоъ равон кард.
Ин 23 августи соли 1998, пас аз эълон шудани дефолт дар кишвар рӯй дод. 12 майи соли 1999 Елтсин фармони навбатиро дар бораи истеъфои ҳукумат имзо кард. Ин дафъа Девони Вазирон бо сардории Евгений Примаков пароканда карда шуд.
Сабаби истеъфо боз зарурати рафъи бӯҳрони иқтисодӣ буд. 9 августи соли 1999 Ҳукумати Сергей Степашин бидуни тавзеҳот барканор шуд. 24 феврали соли 2004 президент Владимир Путин ҳукумати Михаил Касяновро пароканда кард.
Савгандёдкунии Владимир Путин — Пахши мустақим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Савгандёдкунии 5-уми Путин ба ҳайси президенти тозаинтихоб - видео
Он вақт сарвари давлат инро хоҳиши муайян кардани мавқеъ нисбати самтҳои пешгирифтаи кишвар пас аз интихоботи моҳи марти ҳамон сол номид. 12 сентябри соли 2007 бо ташаббуси сарвазир Михаил Фрадков ҳукумати навбатӣ истеъфо дод.
Вай он вақт дархост дар бораи истеъфоро бо он шарҳ дод, ки мехоҳад ба Путин озодии тасмимгирӣ, аз ҷумла тасмимҳои кадрӣ диҳад.
Рӯзи 15 январи соли 2020, ҳукумат се соат пас аз ироаи паёми Путин ба Маҷлиси федералӣ истеъфо дод. Вақти муроҷиат ғайриоддӣ буд: сарвари давлат онро одатан дар нимаи моҳи феврал ироа мекард. Он вақт раисиҷумҳур таъкид кард, ки ин паём дар оғози сол ба хотири ҳалли мушкилоти густарда эълон шуда буд ва тақозо ба тағйирот дар ҷомеа вуҷуд дорад.
Маълум аст, ки пеш аз истеъфои ҳукумат сӯҳбати тӯлонии Путин ва Медведев сурат гирифта буд. Кори девони вазирон кӯтоҳтарин дар 20 соли охир гардид. Баъдан президент ба собиқ нахуствазир вазифаи нав - муовини раиси Шӯрои амниятро пешниҳод кард.
Лентаи хабарҳо
0